Сафари нозирони тоҷик ба Македония
Душанбе, 26.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҷараёни баргузории интихоботи пеш аз муҳлати парлумонии Македонияро, ки фардо, 27 апрел баргузор мегардад, нозирони тоҷик низ дар радифи дигар нозирони байналмилалӣ мушоҳида менамоянд.
Ду тан аз нозирони тоҷик -Парвина Расулова- ёвари раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон /КМИР/ ва Манучеҳр Салоҳиддинов- намоянда аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Скопе- пойтахти Македония сафар карданд.
Абдуманнон Додоев- роҳбари дастгоҳи КМИР дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки намояндагони Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Македонияро дар ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ мушоҳида менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки 5 марти соли равон вакилони Парлумони Македония бинобар якдигарнофаҳмиҳо байни аҳзоби сиёсии ин кишвар дар иртибот ба баргузории интихоботи президентӣ ваколати худро қатъ гардонида, фаъолияти мақоми олии қонунгзории ин кишвар -Парлумони он ҳам бо райъи 117 нафар вакил бекор карда шуд.
Парлумони Македония Собрания ном бурда шуда, 120 вакил дорад, ки онҳо ба муддати 4 сол тавассути баргузории интихобот дар курсиҳои Собрания менишинанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






