Санади муқаддасу тақдирсози миллат
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 16 апрели соли равон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бахшида ба 20 — умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии агентӣ бо мутахассисони соҳаи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мазмун ва муҳтавои Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақши он дар бунёд ва ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона зери унвони «Сарқонун — санади муқаддасу тақдирсозу миллат» вохўрӣ баргузор гардид.
Сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мурофиа ва амният Неъмон Табаров дар нишаст таъкид кард, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёр ва ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ба ҳисоб меравад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд.
Тавре ки аз шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии агентӣ иттилоъ доданд, дар нишаст Иброҳим Саидов, сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф ва илм гуфт, ки бо шарофати қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурўзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои сад солаҳо мунаввар мекунад.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки Сарқонун барои сулҳу суббот ва ваҳдати комил расидани тоҷикон накши муҳим бозид ва он дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Сарқонунро эҳтиром намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






