Сатҳи камбизоатӣ бартараф мегардад

Апрель 16, 2014 11:24

Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 15 апрели соли равон намояндагони Бонки Исломии Рушд дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи миёни Бонки Исломии Рушд ва БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро баррасӣ намуданд. Бояд зикр намуд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» аз соли 2009 бо Бонки Исломии Рушд ҳамкорӣ дорад. БИР барои бартараф намудани сатҳи камбизоатӣ дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкории хурд ба маблағи 2 миллиону 500 ҳазор доллар тавассути «Амонатбонк» маблағи қарзӣ пешниҳод намуд. Мақсади ташрифи меҳмонон-намояндагони БИР маҳз таҳлил ва омӯзиши маблағҳои қарзии пешниҳодшуда ба мизоҷон ва дар ин замина бевосита вохӯрӣ бо онҳо дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Муовини раиси раёсат Сироҷиддин Икромов бевосита бартарии пешниҳоди қарзи БИР-ро ба меҳмонон ва аз тарафи мизоҷон хуб қабул шудани ин намуди пешниҳоди қарзро зикр намуд. Дар раванди вохӯрӣ масъалаи гузаронидани аудити ин маблағҳои пешниҳодшуда, ки дар шартномаи ин лоиҳа омадааст, баррасӣ гардид. Дар вохӯрӣ меҳмонон иброз доштанд, ки ҳар пешниҳоду андешаҳои нафарони аз ин маблағҳо истифодабарандаро ба инобат гирифта, дар ин раванд ҳамкориро вусъат дода, барои бартараф намудани сатҳи камбизотӣ ва дастгирии соҳибкорӣ миёни занҳо дар Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд.

Апрель 16, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд