Шоҳбулутҳо боиси хуруҷи ҳассосият намегарданд?

Апрель 14, 2014 15:45

       Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). — Соли 2014 аз кишвари Шоҳигарии Белгия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе 4 000 ниҳоли шоҳбулут, санавбар, сарв, ёси ҳиндӣ оварда шуда, қад -қади кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Саъдии Шерозӣ, Исмоили Сомонӣ, боғи Рӯдакӣ ва Наврӯзгоҳ шинонда шуд.   Сардори шуъбаи экологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Абдусалим Ҷӯраев дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки: «Мақомоти шаҳри Душанбе нақшаи қасдан буридани дарахтони чинорро надоранд. Чинор фақат вақте бурида мешавад, ки барои сохтмони хонаҳо ва роҳҳо монеа гардад. Зиёни асосӣ аз чинор барои шаҳр дар он аст, ки решаи пурқуввати чинор шабакаи алоқаи шаҳриро вайрон мекунад, яъне ноқилҳои зеризаминии алоқа канда мешаванд, новдонҳои обрав вайрон мегарданд, мумфарши роҳҳо ва пиёдаравҳо хароб мешавад». 
Ба гуфтаи А. Ҷӯраев, барои буридани як дарахти чинор аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ харҷ мешавад, чунки решаи дарахт дар умқи аз 7 то 15 метр ҷойгир аст. Решаи чуқур давонидани чинор бо сабаби сари вақт набуридан ё нодуруст буридани шохи чинор ба амал меояд.
А. Ҷӯраев дар хотимаи мусоҳибааш иброз дошт, ки таъсири манфии дигари чинор дар он аст, ки чангу ғубор ва партобҳои мошинҳо ба барги чинор часпида, фақат дар сурати шамоли сахт ё борони шиддатнок меафтад. Аммо дар сурати шамоли сабук, чангу ғубор боз дар ҳаво паҳн шуда, фазоро олуда мекунад ва боиси хуруҷи ҳассосияти баъзе одамон мегардад.  
       Аммо ниҳолҳои овардашуда аз хориҷа 100% бо шароити нав  мутобиқ гардида, сояафкан ва ороишӣ ҳастанд ва ба шаҳри мо зеби махсус медиҳанд. 
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2012 3,5 ҳазор ниҳоли шоҳбулут дар назди Қасри Миллат ва пушти муҷассами Исмоили Сомонӣ шинонда шуд.

Апрель 14, 2014 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд