Шуруи сохтмони Комбинати металлургӣ ва корхонаи Чжунгтсай-Табошарсемент

Апрель 3, 2014 13:05

Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ду корхонаи азими саноатӣ – Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин ва корхонаи сементи Чжунгтсай – Табошарсемент оғоз ёфт.
Тавре зикр гардид, ҳарду корхона бо харҷи 500 миллион доллари амрикоӣ сохта ва таҷҳизонида шуда, дар онҳо наздики 2,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, ки наздики 90% онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол мебошад.
Сохтмони корхона соли 2014 оғоз ёфта, қисмати коркарди сурб соли 2016 ва қисмати коркарди руҳ соли 2017 ба кор дароварда мешавад.
Ҳамчунин, бо истифода аз партовҳои комбинати мазкур, минбаъд корхонаҳои нави истеҳсоли семент, кислотаи сулфат ва нуриҳои минералӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Хотиррасон бояд намуд, ки комбинати металлургӣ идомаи бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин мебошад. Истихроҷ ва коркарди маъдани руҳу сурб чанд сол дар корхонаи навбунёди Зарнисор оғоз ёфта буд. Ҳоло дар он корхона 1160 нафар бо кори доимӣ ва маоши таъмин гардидаанд. Корхонаи Зарнисор то ҳол ба буҷети давлат 160 миллион сомонӣ андоз супоридааст.
Корхонаи Чжунгтсай – Табошарсемент, ки сохтмонаш ҳамзамон бо комбинати металлургӣ оғоз ёфт, дар масоҳати 20 га бунёд хоҳад ёфт.
Корҳои сохтмонии он дар соли 2014 оғоз гардида, соли 2015 ба итмом мерасад. Қисми муайяни ашъёи хоми корхона партовҳои комбинати металлургии сохташаванда мебошад. Корхонаи семент дорои иқтидори лоиҳавии истеҳсоли 600 ҳазор тонна семент дар як сол буда, дар он қариб 500 нафар бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин мегарданд.
Қисми муайяни сементи истеҳсолкардашуда ба хориҷи кишвар содирот хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чинро “дувумин корхонаи бузургтарини Тоҷикистон пас аз КВД Ширкати алюминийи тоҷик номида, изҳори боварӣ намуд, ки он ва ду корхонаи бузурги сементи имрӯз сохтмонаш оғозёфта ба рушду нумуи босуръати шаҳри Истиқлол, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва атрофи онҳо такони ҷиддӣ мебахшанд.
Дар назди анбӯҳи зиёди мардум, ки ба ин муносибат ҷамъ омада буданд, ҳамчунин Директори кулли ширкати Чайна глобал Хуан Ҷянжун ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун изҳори андеша карданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 3, 2014 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд