Соҳибкорони хонасоз аз пардохти фоиз озод гардиданд

Апрель 1, 2014 10:26

 Душанбе, 1.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Минбаъд 14 нафар соҳибкоре, ки дар минтақаи дуюми Нақшаи генералии шаҳр ба сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ машғуланд, аз супоридани 5% квартираҳои бунёдшаванда ба тавозуни шаҳрдории Душанбе озод мешаванд. Инчунин 2 соҳибкоре, ки дар минтақаи якуми шаҳр манзили баландошёнаи    истиқоматӣ месозанд, 5%-и квартираҳои бунёднамудаашонро ба тавозуни шаҳрдорӣ вогузор менамоянд. Қаблан он 10%-ро ташкил медод.
     Ҳамин тариқ, аз ин ба баъд зимни ҷудо намудани қитъаи замин аз сӯи шаҳрдорӣ соҳибкорон ҷиҳати сохтмони иморати манзили баландошёнаи бисёрҳуҷрадор дар минтақаҳои дуюм ва сеюми Нақшаи генералии пойтахт аз фоиз озод шуда ва он дар минтақаи якум 5% муайян карда шуд.
  Ин тадбир аз сӯи шаҳрдорӣ  бо мақсади татбиқи Нақшаи генералӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷилавгирӣ аз баланд гардидани нархи манзили истиқоматии бисёрошёна андешида шудааст. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи манзили истиқоматӣ дар пойтахт то ҳанӯз гарон аст.

Апрель 1, 2014 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд