Содироти маҳсулот аз Қубодиён ба Русия
Қубодиён, 12.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён Тоҷиддин Содиқов дар соли 2013-ум аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 3400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия содирот шуда, масъулини хоҷагиҳо тасмим гирифтаанд, ки дар соли ҷорӣ 3500 тонна маҳсулот содирот намоянд.
Ба гуфтаи манбаъ мувофиқи Барномаи Ҳукумати ҶТ ва баҳри афзоиш додани боғу токпарварӣ дар ноҳия дар майдони 10 ҳазору 100 гектар боғу ток бунёд шудааст, ки ин мувофиқи нақшаи дурнамо 100 % -и нақшаро дар бар мегирад. Гуфта мешавад дар ноҳия 1766 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, дар майдони 7900 гектар кишти пахта, дар 2173 гектар кишти ғалладона, дар 700 гектар сабзавот, дар 200 гектар картошка, дар 320 гектар зироати хӯроки чорво, дар 295 гектар пиёз ва дигар навъи зироат мувофиқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монда шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






