Сокини Мастчоҳро ба маҳбас кашиданд
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дирӯз аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор гардид. Дар ин бора маркази матбуоти АНМН иттилоъ медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сокини 36-солаи ҳамин ноҳия боздошт шуд.
Манбаъ хабар медиҳад, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ халтаи полиэтиленӣ мусодира гардид, ки дар дохили он се адад баста бо маводи рангаш сабз мавҷуд буд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда ҳашиш буда, draculalespectacle.com он қариб чор килограммро ташкил дод.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшуда ба маҳбас кашида шуд.
Дар айни ҳол чорабиниҳои тафтишотӣ давом доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






