Суғд: 69 ҳолати нақзи Қонуни танзим
Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Аз 11 то 18-уми апрели соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 386 маъракаи гуногун баргузор шудааст. Ба иттилои шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин муддат дар ҳудуди вилоят беш аз 100 маротиба рейди фаврӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ гузаронида шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар 161 ҳолати нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин рақам 69 ҳолат ба вилояти Суғд рост меояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар Афшини Муқим хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






