Суғд: кишти баҳорӣ дар майдони 34 633 гектар
Хучанд, 18.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти зироатҳои баҳорӣ бо суръат идома дорад.
Тавре ки аз идораи кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар майдонҳои хоҷагиҳои кишоварзии шимоли кишвар то 1 апрел ба ҳисоби умумӣ кишти зироатҳои баҳорӣ дар майдони 34 633,1 гектар гузаронида шудааст, ки ин нишондод алҳол нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба 79% баробар аст.
Аз ҷумла, кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳо дар майдони 27 ҳазору 404 гектар, аз он гандум — 6388,5 гектар, дигар зироати ғалладонагӣ — 1356 гектарро ташкил дода, кишти зироати техникӣ дар майдони 1782,5 гектар иҷро шуда, аз он кишти пахта дар майдони 551,5 гектар, дигар зироатҳои техникӣ — 1175 гектар, картошка — 651 гектар, зироати хӯроки чорво — 1231,8 гектар гузаронида шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






