Суғд: Нигаронӣ аз сатҳи ҷинояткорӣ ва худкушии занон
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дар ҷаласаи ҷамъбастии шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолияти шуъба дар семоҳаи аввали соли 2014 мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар ҷаласа мудири шуъба Мунаввара Дадобоева оиди болоравии сатҳи ҷинояткориву ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занону бонувон дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Панҷакент, Қайроққум, Хуҷанд, Ашт, Истиқлол ва Истаравшан изҳори нигаронӣ намуд.
Зимни ҷаласа ба мудирони бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру навоҳии мазкур супориш дода шуд, ки баҳри пешгирии ин падидаи номатлуб дар ҳамаи ҷамоатҳову маҳаллаҳои осебпазир корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва машваратҳо гузаронанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки барои дарёфти 30 гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки барои рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ таъсис шудааст, ба аъзои комиссияи грантӣ 29 нафар зани ҳунарманд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят лоиҳа пешниҳод намудааст.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






