Суғд: тақдими сипосномаҳо ба иқтисодчиёни собиқадор
Душанбе, 12.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Раёсати молияи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён маросими супоридани «Сипоснома» — ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иқтисодчиёни собиқадор баргузор гардид.
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд иқтисодчиёнро аз номи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба иди касбиашон табрик гуфта, нақши онҳоро дар пешбурди ҳаёти ҷомеа муассир арзёбӣ кард. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди иқтисодро аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ карда, таъмини рушди устувор ва самарабахши онро дар доираи ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатию маҳаллӣ асоси фаъолияти худ қарор дода, барои тақвияти неруи инсонӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои муассир меандешад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят ба 13 нафар собиқадорони соҳаи иқтисод, аз ҷумла Абдураҳмон Зоидов, Абдусалом Абдусамадов, Анварҷон Дадоҷонов, Зайнура Шарифова, Шаҳодат Тоҳирова ва дигарон барои фаъолияти пурсамар сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






