Суғд: таҷҳизоти нав баҳри пардохти саривақтии нафақа
Хуҷанд, 03.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Шуъбаи бонки “Амонатбонк” дар Суғд соҳиби таҷҳизотҳои нави маблағсупорӣ шуд. Тавре ки роҳбари шуъбаи бонки мазкур дар Хуҷанд Бадриддин Аминов иттилоъ дод, баҳри боз ҳам хуб ба роҳ мондани пардохти саривақтии нафақа, чанде пеш аз тарафи бонк боз даҳ банкомати нав харид шуд.
Ба гуфти ӯ алҳол шумории чунин таҷҳизот дар миқёси вилоят ба 25 адад расида, мизоҷон инчунин метавонанд аз хизматрасониҳои боз 13 посттерминал ва 145 маркази хизматрасони бонки мазкур истифода баранд.
Алҳол шумораи шахсони бо кортҳои пластики тариқи бонки маскур истифодабаранда дар миқёси вилоят зиёда аз 80 ҳазор буда, аз он 65 ҳазорашро нафақахӯрон ташкил медиҳанд.
Таҷҳизоти нави харид шуда алҳол ба шаҳру ноҳияҳо мувофиқ ба афзоиши шумораи аҳолӣ тақсим мешавад. Дар назар аст дар муҳлатҳои наздик боз чанд банкомат аз пойтахти кишвар дастрас шавад, ки дар ҳисоби умумӣ ҳамаи минтақаҳои вилоят бо таҷҳизоти мазкур таъмин хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






