Тағйирот ба лоиҳаи қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ»

Апрель 28, 2014 09:42

             Душанбе, 28.04.2014.АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ахиран палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуд. 
           Рустам Менглиев-вазири адлияи ҷумҳурӣ, ки масълаи мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ медод, гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур муайян намудани  боҷи давлатӣ барои баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ аст. Вазир афзуд, ки қаблан дар қонунгузории амалкунанда  ин масъала ба таври возеҳу равшан ҳал нагардида буд

Апрель 28, 2014 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш