Тақдими чиптаи Маскав- Душанбе ба Сайёра
Хоруғ, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Сокини шаҳри Хоруғ Сайёра Худододхонова дар иқдоми ширкати мобилии «Мегафон» иштирок намуда, ғолиб омад ва акнун ба кишвари Русия ройгон сафар мекунад.
Ширкати «Мегафон Точикистон» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми «100 чиптаи ҳавопаймоӣ» ба Федератсияи Русияро эълон намуд. Дар он ҳамаи муштариёне, ки аз хизматрасонии ширкати мобилии «Мегафон» истифода мебаранд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд .
Ғолибони аксияи «100 чиптаи ҳавопаймоӣ» аз рӯи шумораи зангҳои баромад ба Русия муайян карда мешаванд. Роҳбари раёсати минтақавии «Мегафон Тоҷикистон» дар ВМКБ Раҳим Саъдоншоев гуфт, ки садҳо нафар аз муштариен дар амалиёт ширкат ҷустанд ва Сайёра Худододхонова ғолиб омада, бо сертификати ширкати «Мегафон» ва чипта қадрдонӣ шуд.
Сайёра Худододхонова гуфт, ки муддати тӯлонӣ муштарии ин ширкат буда, аз воситаи алоқаи телефонӣ ва интернетии «Мегафон» пайваста истифода мебарад. Сайёра афзуд, ки тарзи муошират ва хизматрасонии ширкати «!Мегафон» ба ӯ писанд аст. Бино ба гуфтаи ғолиби озмун ӯ хеле мехост ба Русия, ба назди хешовандонаш сафар намояд ва имрӯз ширкати «Мегафон» барояш чунин шароитро муҳайё намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






