Таҳкими низоми таҳсил дар синни наврасӣ
Душанбе,14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар пойтахти Руминия шаҳри Бухарест конфронси ҳафтуми кишварҳои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ «Таҳкими низоми таҳсил дар сини наврасӣ. Сармоягузории бармаҳали барои таъмини самаранокии таҳсил» кори худро ба анҷом расонид.
Тавре аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистонро президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиниссо Маҳмадова муаррифӣ намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, конфронс ба муҳокимаи масоили низоми таҳсил дар синни наврасӣ (маханизмҳои сохторӣ ва механизмҳои идорӣ, мактабҳо, волидайн ва ҷомеа) бахшида шуда буд, то ки дастгирии судмандро ба ҳама кӯдакон барои омодагӣ ба оғози таҳсил дар мактаб таъмин намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






