Тадбирҳо барои паст намудани шиддати бекорӣ
Душанбе, 24.4.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ ). — «Барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бахусус мутобиқи талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ омода намудани мутахассисон зарур аст, ки минбаъд банақшагирии тарбияи кадрҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ дар асоси таҳлили талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба роҳ монда шавад»-гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 23 апрел дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ.
Президенти кишвар ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки доир ба тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки дар давоми 7 соли оянда на камтар аз як миллион нафар шаҳрвандони мамлакат аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамаи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор шуданд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба бахши хусусӣ доир ба ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, обёриву азхудкунии заминҳои нав ва рушди кишоварзӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






