Тайёрии футболбозони ҷавон ба мусобиқоти Осиё
Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар). – Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар ҳошияи тайёрӣ ба мусобиқоти Осиё (U-14) дар шаҳри Норак машқ мекунад.
Назар ба хабари менеҷери даста Меҳроҷиддин Холов, машқу тамрини дастаи футболбозони наврас 12 рӯз идома меёбад.
Дастаи мунтахаби наврасон дар ин давра 13 апрел дар шаҳри Душанбе бо клуби «Рамис – Испечак», 16 апрел дар шаҳри Норак бо дастаи «Нури Норак» ва 19 апрел бо дастаи «Сино» — и Донишгоҳи тиббӣ қувваозмоӣ менамояд.
Хотирнишон месозем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти Осиё, ки аз 4 то 13 август дар шаҳри Ҳамадони Эрон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Куриёи Ҷанубӣ, Таиланд ва Ироқ вомехӯрад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






