Талафоти ҷонӣ бар асари борони пуршиддат
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд ва аз рӯи маълумотҳои пешакӣ талафоти ҷонӣ низ ҷой дорад.
Бар асари ҳодисаи мазкур хоҷагии қишлоқ зарар дида, талафоти ҳайвоноти шохдори хонагӣ низ ба амал омадааст.
Инчунин хоҷагии кишоварзӣ дар деҳаҳои Панҷосиёб, Ғарабдара ва Лойлуқаи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб низ аз боришоти сел зарар дид.
Бо супоришу дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон дар ҳайати вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуда, гурӯҳи мазкур аз тариқи чархбол барои сари вақт чораҷӯӣ намудан ва ба зарардидигон кӯмак расонидан ба ҷойҳои ҳодиса сафар намуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба оилаҳои зарардида 60 хайма, 30 тонна сӯзишворӣ ва барои 3 хонаводаи зарардида маводи хӯрокӣ фиристод.








МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд






