Тармими 19 кӯча дар Душанбе
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). — Соли ҷорӣ дар Душанбе тармим намудани 10 кӯча ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло дар 10 участка корҳо идома дорад. Дар ин бора аз Раёсати давлатии сохтмон, азнавсозӣ, таъмири пурра ва ҷории роҳҳо ва пулҳои шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло таъмири роҳ дар қисмати марказии шаҳр ҷараён дорад. Дар назаор аст, ки корҳои тармим қисман дар моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом расида, тармим ва таҷдиди пурраи роҳҳои пойтахт соли 2015 пешбинӣ шудааст.
Айни ҳол, корҳои тармиму таҷдид дар кӯчаҳои зерини шаҳри Душанбе идома дорад: таҷдиди роҳҳои кӯчаи Соҳилӣ аз хиёбони С. Шерозӣ то охири кӯчаи Ҷомӣ ,қисмати ғарби пули хиёбони Шерозӣ — кӯчаҳои Соҳилӣ ва гардиши нақлиётӣ, роҳгузари кӯчаи Борбад -Ҷомӣ, кӯчаи Умари Хайём (аз кӯчаҳои Турсунзода то баромадгоҳи хиёбони Рӯдакӣ), кӯчаҳои Пушкина, Нисор Муҳаммад аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Дӯстии халқҳо, кӯчаҳои Карин Манн (аз хиёбони Шерозӣ то охири кӯчаи Фучик), ҳамчунин таъмири роҳҳои асосӣ дар маҳаллаи Шафтолузор ва сохтмони роҳҳои автомобилгард аз кӯчаи Карамова то даромадгоҳи асосии қабристони Душанбе дар маҳаллаи Меҳробод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






