Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ ба Душанбе
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 16- ва 17 апрели соли соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 9-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Сафари котибони шӯроҳои амнияти Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ва сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай 16-17 апрели соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 — 20 апрели соли 2014 бо сафари расмӣ ташриф меорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






