Ташрифи генерали бригадии Артиши ИМА ба ҶТ
Душанбе, 02.04.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҷонишини Фармондеҳи Қӯшунҳои таъйиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерали бригадии Артиши ИМА Курт Крайтзир дирӯз бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Ҳангоми сафари хеш генерали бригадӣ Крайтзир бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд. Дар мулоқот онҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва ҶТ, минҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъйиноти махсуси Фармондеҳии марказӣ бо қувваҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд. Ӯ ва ашхоси баландмақоми ҳарбӣ инчунин саҳми Қӯшунҳои таъйиноти махсуси Фармондеҳии марказиро дар таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






