Таъсиси грантҳо барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ
Хуҷанд, 15.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дар шаҳри Хуҷанд қарори раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода оид ба таъсиси грантҳо баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба тасвиб расид. Мақсад аз таъсиси грантҳо- ин пеш аз ҳама баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дар ин замина эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон бобати дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ, чун қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ ва ба ин васила таъсис ва бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарон ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» мебошад.
Бояд гуфт, ки маблағи умумии грантҳо 55 ҳазор сомонӣ буда, он дар се самт: рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ амалӣ шуда, дар он занҳои ҳунарманд ва соҳибкору шахсони алоҳидаи воқеӣ, ки фаъолияташон баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ равона шудааст, иҷозати иштирок доранд.
Муҳлати татбиқи ҳар як лоиҳа на камтар аз 6 моҳ муқаррар шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






