Таваллудхонаи нав дар канори Ғунд

Апрель 9, 2014 15:58

Хоруғ, 9.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Назар ба қавли масъулини Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди  дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор аст бинои нави таваллудхонаи шаҳри Хоруғ дар даҳаи дуюми моҳи июн мавриди истифода қарор гирад. Бино дуқабата буда, дар канори рӯдхонаи Ғунд ҷо гирифтааст.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед  зимни боздид аз ин иншоот дастур дод, ки то анҷоми корҳои сохтмонӣ атрофи бино  бояд пурра тоза карда шавад ва роҳи мошингард омода   гардад. Таваллудхонаи вилоятӣ сохтори  мустақил мешавад. Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ дар ин бино чор утоқи ҷарроҳӣ,утоқҳои табобатӣ барои зиёда аз 50 кат дар як вақт ва маъмурияти он ҷо дода мешаванд. 
Ба сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят супориш дода шуд, ки роҳбарияти таваллудхона ба корҳои ободонӣ дар ин мавзеъ ҷалб шаванд. Таъкид гардид, ки дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии ин мавзеъ  кормандони  тамоми сохторҳои раёсати тандурустӣ  бояд ҳиссагузор бошанд. 
Ҷиҳати таъмини бино бо қувваи барқ ва ба талабот ҷавобгӯ намудани хатти интиқоли  нерӯи барқ, ки аз ин мавзеъ мегузарад, ба масъулини ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» дастур дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд. 

 

Апрель 9, 2014 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд