Темур Раҳимов — барандаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо
Душанбе, 7.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Темур Раҳимов, варзишгари тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар шаҳри Твери Русия медали тилло ба даст овард.
Тавре ки сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 5-6-уми апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор шуд, 302 варзишгар (писарону духтарони солҳои таваллудашон 1997-1999) аз 23 кишвар иштирок кард. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия, ичунин ҳукумати вилояти Твер баргузор шуд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 21 дзюдочии наврас, аз он ҷумла ду духтар, инчунин се мураббӣ аз макотиби варзишӣ ва бошгоҳҳои Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамъиятҳои тоҷикони Твер ва Иркутск дохил буданд.
Паҳлавони ҷавони тоҷик Темур Раҳимов баъди ду пирӯзӣ бар Кебан Николай (Молдова) ва Иван Тачков (Русия), дар даври ниманиҳоӣ бар Акош Жоо (Маҷористон) ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Дамир Салюков (Русия) дастболо шуд.
Ёдовар мешавем, ки Темур Раҳимов моҳи марти соли равон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 дар Туркия медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар Ҷоми Аврупо дар Твер дар ҳисоби умумидаставӣ тими мунтахаби Русия бо касби 13 медали тилло, 11 нуқра ва 23 биринҷӣ ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Маҷористон бо касби як медали тилло ва ду медали биринҷӣ дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Тими мунтахаби Тоҷикистон, ки як нишони тилло (инчунин 2 ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум) гирифт, мақоми севвумро соҳиб шуд. Дастаи мунтахаби Украина бо як медали тилло ҷойи чаҳорумро гирифт.
Баъди анҷоми мусобиқот гӯштингирони наврас дар ҷамъомади серӯзаи таълимиву тамринӣ, ки аз 7-ум то 9-уми апрел дар Твер барпо мегардад, иштирок мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






