Тоҷикистон ва Қирғизистон: имконоти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Апрель 25, 2014 14:45

 Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ “Ховар”). — 24 апрели соли 2014 дар ш.Брюссел дар Донишгоҳи Весалиус мизи мудаввар дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Қирғизистон: имконоти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва нақши Иттиҳоди Аврупо дар дастгирии корхонаҳои хурду миёна”, ки муштаракан аз ҷониби намояндагиҳои доимии Тоҷикистону Қирғизистон дар Иттиҳоди Аврупо бо дастгирии барномаи Комиссияи Аврупо «Central Asia Invest» ва созмони ғайриҳукуматии «Cesvi» ташкил  шуд, барпо гардид.
Дар чорабинӣ ду ҳайати намояндагони баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла коршиносони соҳаи иқтисодиёт, савдо ва соҳибкорӣ, намояндагони Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Созмони умумиҷаҳонии гумрук, Паймони Нерӯ, Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия, доираҳои соҳибкории кишвари иқомат, аз ҷумла Палатаи савдо ва саноати Белгия, идораҳои савдо ва тиҷорати Фландрия ва Валлония ширкат варзиданд.
Вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон ҳамчун модератори мизи мудаввар баромад намуд. 
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Асейн Исаев ва директори Департаменти Аврупои Шарқӣ ва Марказии Вазорати корҳои хориҷии Белгия Гюнтер Слюваген ба чорабинии мазкур ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. 
Дар мизи мудаввар муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Қаюмова иқтидори иқтисодӣ ва фазои сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Раиси Иттиҳодияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Насибахон Аминова ба ҳозирин дар бораи чораҳои кишвар дар ҷодаи татбиқи стандартҳои савдои боадолат маълумоти муфассал пешниҳод кард. Мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла корхонаҳои хурду миёна, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои инкишофи косибӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мавзӯи алоҳидаи муҳокимарониҳо буд. Дар фарҷоми чорабинӣ намоиши намунаҳои беҳтарини косибии мардуми тоҷик сурат гирифт.       
 
 

Апрель 25, 2014 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!