Умед ба Ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Хоруғ, 9.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар ҷӯйбори калонтарини Темури шаҳри Хоруғ охирин корҳои тозакунӣ ва таъмиру тармим анҷом меёбанд. Ба гуфтаи мутахассиси пешбари идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят Нусратулло Туфалонов сокинони маҳаллаҳои шаҳр дар таъмиру тоза кардани ҷӯйбор фаъолона ширкат варзиданд ва дар даҳаи дуввуми моҳи апрел оби канал сар дода мешавад.
Ҳашарчиён мегӯянд, имсол ҷӯйбор нисбатан беҳтар таъмир гардида, онҳо довталабона дар кори ободонӣ саҳм мегиранд. Ба гуфтаи мутахассисони пешбари идораи бедошти замин ва оббёрии шаҳр барои куллан навсозӣ ва бехатар намудани канал зиёда аз 2 миллион сомонӣ зарур аст ва онҳо ин маблағро ҳанӯз дарёфт накардаанд. Дар ҳамин ҳол сокинони маҳаллаҳои шаҳр ба Ассотсиатсияи истифодабарандагони об умед мебанданд, ки нав таъсис ёфта, қарор аст дар оянда дар таъмиру тармими канал саҳм гирад.
Дарозии ин канал 12 км буда, нисфи сокинони шаҳр заминҳои наздиҳавлигии худро тавассути он обёрӣ мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






