Вохӯрӣ барои пешгирии ҷиноят
Душанбе, 05.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ба наздикӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 60-и ноҳияи Сино бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар мавзӯи масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ вохӯрӣ гузарониданд. Дар ин бора маркази матбуоти АНМН иттилоъ дод.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои, паҳншавии бемориҳои ВНМБ/АНМБ (ВИЧ СПИД) ва сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон инъикос гардида, оид ба оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии сӯйистеъмоли маводи нашъадор маълумот дода шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






