Вохӯрӣ дар доираи Ҳафтаи китоб
Душанбе, 08.04.2014 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ҳамасола дар кишвар аз 2-то 9-уми апрели соли равон ҷиҳати баланд бардоштани рўҳияи китобдўстӣ, меҳру муҳаббати самимӣ доштан нисбат ба китоб ва гиромидошти калом «Ҳафтаи китоби бачагона» доир мегардад.
Дар робита ба ин вохўрии нависандаи шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ, корманди Маркази миллии Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, сардабири маҷаллаи «Душанбе» Садриддини Ҳасанзода бо толибилмону омўзгорони мактаби таҳсилоти умумии №-1 ноҳияи Ҳисор ва муаррифии китоби нави ў «Муҷассамаи нодир» барпо гардид.
Дар маҳфил ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ Раҳмон Остон, шоирон Ҳидоятулло Раҳмонӣ, Султонмуроди Одина, директори Муассисаи давлатии «Фурўши китоб ва нашрияҳои даврии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», нависанда Аброр Зоҳир роҷеъ ба эҷодиёти нависандаи шинохта, маҳорати тасвиру образофарии ў, забони асарҳояш андешаронӣ карданд.
Зикр шуд ки адиб ҳамчунин офарандаи понздаҳ филмҳои мустанади телевизионӣ ва 50 мақолаи илмӣ буда, дар айни ҳол чун унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ ба пажӯҳишу таҳлили қиёсии асарҳои омиёнаи адабиёти классикӣ ва таъсири онҳо ба асарҳои устод Айнӣ машғул мебошад.
Дар ин бора аз Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






