Вохӯриҳои С. Аслов дар Арабистони Саудӣ
Душанбе, 1.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 31 марти 2014 дар Риёз бо вазири иқтисод ва барномарезии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ал-Ҷосир мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки бахши хусусӣ дар густариши ҳамкории иқтисодии дуҷониба нақши калидӣ хоҳад дошт.
Инчунин, 31 марти соли 2014 дар Риёз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо раиси Шӯрои палатаҳои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Саид ал-Мабтӣ дидор намуд.
Дар мулоқоти мазкур зарурати барқарор намудани ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои палатаҳои Арабистони Саудӣ таъкид гардид.
Мусоҳибон изҳор намуданд, ки имконоту зарфиятҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, ба вижа бахши хусусӣ вуҷуд доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






