Вохӯрии дастаҳои Тоҷикистону Афғонистонро ҳакамҳои Қазоқистон доварӣ мекунанд
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар). – Вохӯрии рафиқонаи байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Афғонистонро, ки 4 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гурӯҳи ҳакамҳои Қазоқистон бо роҳбарии ҳаками 27 – солаи ФИФА Александр Алиев доварӣ мекунанд. Ба мавсуф доварони ФИФА Сергей Васютини 27 – сола ва Самад Тергеусизови 28 – солаи шаҳри Алмаато кӯмак менамоянд.
Назар ба хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, Александр Алиев, ки аз ин пеш дар клубҳои «Алмаато», «Тараз» ва дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистон (U- 19) қувваозмоӣ мекард, аз соли гузашта инҷониб довари ФИФА ба шумор меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






