Вохӯрии Р. Назаров бо рӯзноманигорони ВАО-и муқими Тоҷикистон
Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии ғайрирасмии директори агентӣ Рустам Назаров бо як гурӯҳ рӯзноманигорони Васоити ахбори оммаи муқими Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории Васоити ахбори омма ва шуъбаи равобит бо ҷомеаи агентӣ, ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи солими ҳаёт, инчунин масъалаҳои омода намудани рӯзноманигорон, ки масъалаҳои назорати муомилоти маводи нашъаоварро инъикос менамоянд, баррасӣ гардиданд.
“Мақсади вохӯрии мо аз он иборат аст, ки мо тавонем тавассути Васоити ахбори омма ба ҷамъият иттилооти боэтимодро дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар пешниҳод намоем”, — иброз намуд роҳбари агентӣ.
Инчунин ба рӯзноманигорон иттилоот дар бораи натиҷаи фаъолияти агентӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 пешкаш гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






