Ёде аз шоири оламшумули Шарқ
Хоруғ, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Омӯзгорон ва толибилмони мактаби президентии шаҳри Хоруғ бо баргузории маҳфили хотирмон аз 600-солагии шоир ва мутафаккири тоҷик Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ истиқбол гирифтанд
Ин маҳфил бо ташаббуси маъмурияти китобхонаи мактаб роҳандозӣ шуд. Дар баробари қироати порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти Ҷомӣ, ҳамчунин дар иҷрои хонандагони синфҳои болоӣ аз рӯзгори ин мутафаккири асри 15 саҳнаҳо намоиш дода шуданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 7-уми ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом таваллуд шуда, аз синни хурдсолӣ ба навиштани шеър шурӯъ намуда, дар муддати начандон тӯлонӣ дар байни мардуми Шарқ шӯҳратёр мешавад. Шоир дар ҳавзаи адабӣ бо асарҳояш «Баҳористон», «Ҳафт авранг», «Чиҳил ҳадис» шӯҳрати оламшумулро касб кардааст. Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1492 дар шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз олам даргузаштааст.
Ёдовар мешавем, ки 600-умин солгарди зодрӯзи Абдураҳмони Ҷомӣ бо пешниҳоди Президенти кишвар имсол дар саросари мамлакат таҷлил мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






