«Зан соҳиби замин»- озмун барои роҳбарзанон
Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар, Руқияи Боймамад ). -4 апрели соли 2014 дар Душанбе ҷиҳати супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Зан соҳиби замин» чорабинӣ доир мегардад. Ин озмун шурӯъ аз 6 декабри соли 2013 барои занҳое эълон шуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд ва роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермериро ба уҳда доранд.
Дар давоми чор моҳ Кумитаи коршиносони озмун садҳо ариза-анкетаи иштирокчиёни озмунро баррасӣ кард. Ҳамчунин барои санҷидани далелҳои дар ариза-анкетаҳои ширкаткунандагон овардашуда, ҳайати коршиносон ба маҳали кори онҳо сафар намуд. Коршиносон ғолибони озмунро аз рӯи чанд номгӯй муайян намуданд, ки исми онҳо дар маросими тақдими ҷоизаҳо эълон мешавад. Ғолибони озмун бо диплом, мукофотҳои пулӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.
Ҷои тазаккур аст, ки озмун дар чаҳорчӯби лоиҳаи ҳамном аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ) бо дастгирии молии OXFAM дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ва бо дастгирии бахши давлатию хусусӣ баргузор гардид.
Мақсади асосии озмун қабл аз ҳама ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занҳо ба самти роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ, инчунин баланд бардоштани нақши фаъолияти соҳибкорӣ тавассути ба даст овардани замини саҳмӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






