Занон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Густариш додани соҳибкории хурду миёна дар байни занон, тақвияти ҳунарҳои мардумӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ дар байни бонувон ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.Занону бонувони мо то имрӯз дар ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки бонувони ватандӯсти тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар фаъолона иштирок карда, бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат бо иқдому ташаббусҳои созандаи хеш дар баробари мардон барои ободии Тоҷикистон саҳми сазовор гузошта истодаанд.Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат, ки 15-апрели соли ҷорӣ сурат гирифт, ба тамоми занону бонувони мамлакат, аз ҷумла ба соҳибкорзанони шаҳри Ваҳдат, ки бо вуҷуди мушкилоти зиндагӣ барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол азму талош менамоянд, миннатдории хешро баён намуд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






