Зебо Аминзода ба Душанбе баргашт

Апрель 30, 2014 11:53

Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Марҳабои  Азамат). – Тавре  ки  аз  Вазорати  фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  вазорат  барои  интихоби  ҳайати  Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» таҳти  роҳбарии Ҳунарпешаи  мардумии ИҶШС  ва  Тоҷикистон  Зебо  Аминзода  озмун  эълон  кардааст. 
Назар  ба  хабари  манбаъ,  озмун  аз  10 то  15  майи  соли  ҷорӣ  дар  бинои  Филармонияи  давлатии Тоҷикистон  ба  номи Акашариф  Ҷӯраев  баргузор гардида,  дар  он духтарони боистеъдоди  синнашон  аз  13 то  17 иштирок  менамоянд.
Қобили  зикр  аст, ки  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ҳангоми сафари  кориаш  ба  вилояти  Суғд Зебо  Аминзодаро  даъват  намуд, ки барои  эҳёи  Ансамбли  рақсии  «Зебо»  ба шаҳри  Душанбе ояд. 
Хотирнишон  месозем, ки  Ансамбли  давлатии рақсии  «Зебо» — и  назди Кумитаи  телевизион  ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  (пештар  Телевизион  ва радиои  давлатии ҶШС Тоҷикистон)  расо 35  сол  муқаддам,  11  майи  соли  1979 таъсис  ёфта буд. Зебо  Аминзода, ки  дар он  вақт  вазифаи  роҳбари  ансамблро ба  ӯҳда дошт, дар  асоси озмун  25  нафар  духтаронро интихоб  намуда, баъдан  10  нафар духтарони  зебою  истеъдодноктарин  ба  ансамбл  қабул  шуданд. 
Раққоса  ва хореографи  боистеъдод  ҳар  сол  10 – 12  рақси  навро  рӯи  саҳна  оварда,  ансамбли  ӯ  тайи  якчанд  сол  на фақат дар  Тоҷикистон  балки  дар  ҳудуди  собиқ  ИҶШС  ва берун  аз он  машҳур  гардида,   дар  бисёр  кишварҳои  ҷаҳон  ҳунарнамоӣ  кард. Ансамбли  мазкур  ҷоизи  мукофоти Комсомоли ленинӣ  гардида, соли  1986 роҳбари  он  унвони  фахрии  Ҳунарпешаи  мардумии  ИҶШС – ро  касб намуд.
Зебо  Аминзода  хатмкунандаи Омӯзишгоҳи хореографии  Маскав  дар  назди  Театри  Калони ИҶШС ва Мактаби  олии  рақсу   хореографии  Тошкент,  дорандаи  медали  тиллои Ҷашнвораи  9 – уми  умумиҷаҳонии  ҷавонону  донишҷӯён  дар  София мебошад.
Мавсуф солҳои охир ба  ҳайси  муовини  Сарвазири  Тоҷикистон,  сипас  дар  шаҳри  Маскав  дар  вазифаи  раиси Шӯрои  ҳамоҳангсозӣ, мушовири  раиси  Ширкати байнидавлатии телевизион  ва радио,  машваратчии Кумитаи байнидавлатии  иқтисодии  Иттиҳоди  иқтисодии ИДМ  фаъолият  дошт.
Соли  2012  ба ватан  баргашта, дар  шаҳри  Хуҷанд  зиндагӣ  мекард. Чанд  рӯз  пеш ба  шаҳри  Душанбе омад.   

Апрель 30, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд