Зиёд намудани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ

Апрель 24, 2014 10:53

Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 1,1 миллиард сомонӣ ва дар 7 соли оянда зиёда аз 8 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо, аз ҷумла сохтмони хатти роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон — Тоҷикистон, роҳҳои мошингарди байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма, Душанбе — Турсунзода, Айнӣ — Панҷакент, Восеъ — Ховалинг ва хусусан роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон — Қӯрғонтеппа барои беҳтар гардидани фазои сармоягузории кишвар, пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ, инкишофи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард,- гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ. 
 Илова бар ин, ташкил ва рушди марказҳои нақлиётиву логистикӣ ҳамчун қисми таркибии инфрасохтори нақлиётии минтақавӣ метавонад имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши ҳиссаи мамлакат дар хизматрасонии минтақавию байналмилалии нақлиётӣ мусоидат намояд, ки ин ҳам ҷойҳои нави корӣ ва ҳам манбаи даромади иловагии буҷет ва рушди иқтисодиёт мебошад. 
Дигар самти муҳими тавсеаи имкониятҳои коммуникатсионии кишвар соҳаи хизматрасонии авиатсионӣ буда, зиёд намудан ва ҳозиразамон гардонидани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ зарур мебошад, — таъкид намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
 

Апрель 24, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!