Зиёда аз 102 кг маводи нашъаовар мусодира шуд

Апрель 21, 2014 14:10

Душанбе, 21.04. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳафтаи сипаришуда кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 3 амалиёт гузарониданд, ки дар натиҷаи он, аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 102 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.
 Тавре ки маркази матбуоти АНМН иттилоъ медиҳад, барои содир намудани ҷиноятҳои мазкур чор шаҳрванди кишвар дастгир шуд, ки се нафараш сокини шаҳри Душанбе ва як нафар сокини вилояти Суғд мебошад.
«Алҳол ҳамаи боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ фиристода шуда, чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯи нисбат ба дигар шахсони ба ин ҷиноят даст дошта давом доранд», — зикр менамояд сарчашма.
 

Апрель 21, 2014 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш