Қадрдонии олими тоҷик дар Маскав
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф). -Олим ва адиби тоҷик, доктори илми филология, академики Академияи табиатшиносии Русия Султонов Мирзоҳасан Баротович (Ҳасани Султон) барои дастовардҳои назарраси илмӣ бо ордени муштараки Консорсиюми илмию саноатии Аврупо, Академияҳои табиатшиносии Аврупо ва Русия Labore et scientia (Амалу илм) мушарраф гардид.
Орден ба М. Б. Султонов дар ҷаласаи нахустини конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳимтарини илм ва маориф», ки бо ташаббуси Академияи табиатшиносии Русия дар Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия баргузор гардид, супурда шуд.
Бояд гуфт, ки донишманди тоҷик ба озмуни дарёфти ин мукофот аз тарафи Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Ҳамчунин донишманди тоҷик дар ҷаласаи умумии конфронси мазкур дар мавзӯи «Мушкилоти забони илм дар Тоҷикистон» сухан гуфта, ҳамраисии ин конфронси бонуфузи байналмилалиро ба зимма дошт.
Донишманди пурмаҳсул Ҳасани Султон муаллифи беш аз 30 китоб аст. Ӯ баробари эҷоди шеърҳои пурмазмун, асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамчунин яке аз муҳаррирони асосии «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» аст. Инчунин ӯ ҳамчун сардори шуъбаи тарҷума дар Бонки миллии Тоҷикистон хизмати босазоеро ба ҷо меорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






