Қарзҳои «Судманд» ба хоҷагиҳои деҳқонӣ

Май 19, 2014 09:18

Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ,  бахши соҳибкории хурду миёна, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва зиёд намудани маҳсулоти содиротии соҳаи кишоварзӣ қарзҳои хурди “Судманд”-ро пешниҳод менамояд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, ин қарзҳои хурд ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии қишлоқ,  мисоли картошкапарварӣ, боғпарварӣ, зироаткорӣ, пахтакорӣ, замбӯрпарварӣ ва чорводорӣ ба муҳлати то 2 сол бо 20 фоизи солона ва ҳамзамон ҷиҳати тақвияти лоиҳаҳои калони ҷамъиятҳо ва соҳибкорони кишвар дар ин самт ба муҳлати то 3 сол бо фоизҳои имтиёзнок дода мешаванд. 

Май 19, 2014 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш