Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 0,6 фоиз зиёд аст
Душанбе, 03.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фоиз зиёд аст. Дар ин давраҳо дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 195,3 тоннаро ташкил намуд. Дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 162,9 тонна, Суғд 26,1 тонна, ноҳияҳои Ваҳдат 6,1 тонна ва Файзобод 0,2 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст.
Тибқи иттилои Агентии омори кишвар аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 39,7 фоиз намуди пешониғафси сафед (толстолобик), 9,4 фоиз зағорамоҳӣ (сазан), 5,2 фоиз амури сафед 0,9 фоиз суфмоҳӣ, 0,3 фоиз гулмоҳӣ ва 44,5 фоизро дигар намуди моҳиҳо ташкил мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






