Ҳаҷми муомилоти моли байни Тоҷикистону Чин — беш аз 2 млрд. доллар

Май 29, 2014 14:23

Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). — «Ҳамкории байни  Тоҷикистону  Чин  дар  ҳамаи  самтҳо  собитқадамона  рушду  густариш  меёбад. Мувофиқати байни  роҳбарони  ҳар  ду  давлат асоси  муҳими  ҳуқуқии он  ба шумор  меравад. Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  зимни  мулоқот  бо  раиси  ҶМЧ  Син Ҷинпин ба таври  махсус  қайд  намуд, ки вохӯрии сарони  ҳар  ду  давлат  аз боварии комил  ба  якдигар   шаҳодат  медиҳад.  Раиси  ҶМЧ  дар навбати  худ  Тоҷикистонро ҳамсояи  нек, дӯсти  қарин  ва  шарики  боэътимоди  кишвари  худ қаламдод  кард.  Зикр  шуд, ки  вақтҳои  охир  ҳаҷми   муомилоти  солонаи   моли байни кишварҳоямон беш  аз 2  миллиард  долларро ташкил  медиҳад», — гуфт  муовини раиси Палатаи  савдо  ва  саноати Тоҷикистон Асаналӣ  Карамалиев  зимни  мулоқоти соҳибкорони  музофоти  Шэнсии Чини  Ғарбӣ ва Тоҷикистон, ки  28  май  дар  шаҳри  Душанбе баргузор гардид. 
Мувофиқи  суханони  мавсуф,  ҳар  сол  бо  мусоидати  палата  садҳо  нафар  соҳибкорони  кишвар  дар  ярмаркаҳои байналмилалии Қошғар, Урумчи, Гуанчжоу ва   шаҳрҳои  дигари  ҶМЧ иштирок  менамоянд.  Дар  шаҳрҳои  зикршуда  намояндагиҳои  ПСС ҶТ  кушода шудаанд, ки   ба соҳибкорони тоҷик  барои  вусъат  бахшидани тиҷорат  ёрии  амалӣ  мерасонанд. 
Алҳол   ҳамкории  байни  ҳар  ду  кишвар  дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ,  истифодаи  захираҳои  минералӣ, мошинсозӣ, техникаи  барқӣ, саноати  нассоҷӣ ва  сабук, индустрияи  сохтмонӣ,  роҳсозӣ  ва  ғайра босуръат рушд  меёбад. Ҳайати  соҳибкорони  Чин ҳамчунин аз Маркази  инноватсионии фермерҳо,  фермаи  мурғпарварӣ ва ҳавзи  моҳипарварии Анҷумани  миллии  хоҷагиҳои  деҳқонии  ноҳияи  Рӯдакӣ, ҷамоати «Роҳатӣ»,  деҳаи  Теппаи  Самарқандӣ  боздид  намуда, бо  раиси  анҷуман  Азизбек  Шарифов   гуфтушунид  кард.

Май 29, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст