Ҳаҷми пулҳои захиравӣ 5,5 млрд. сомониро ташкил дод
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар семоҳаи аввали соли 2014 Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати пулию қарзиро барои иҷрои сатҳи дурнамои пулҳои захиравӣ, муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ равона намуд. Вобаста ба ин, дар ин давра меъёри бозтамвил аз 5,5 фоиз то 4,8 фоизи солона паст карда шуда, меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод мешаванд, бо назардошти фоизи қарзҳои байнибонкӣ тағйир ёфт (то 19,2 фоиз). Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномавӣ ба ҳисоб меравад, ба ҳолати 31 марти соли равон 5,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 25,1 фоиз ва нисбат ба аввали сол 3,7 фоиз афзоиш ёфт. Вобаста ба рушди бахшҳои иқтисодиёт афзоиши ҳаҷми пул (М3) то ҳолати 31 марти соли 2014 нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 21,8 фоиз ва нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул (М4) 21,1 фоизро ташкил намуданд. Бонки миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2014 вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро амалӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул, устувории қурби пули миллӣ ва таъмини фаъолияти солиму устувори низоми бонкии кишвар мусоидат намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






