Ҳайати тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Беларус ба Душанбе меояд
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). — Ҳайати тиҷоратию иқтисодии корхонаҳои асосии Ҷумҳурии Беларус аз 12 то 15 майи соли ҷорӣ аз шаҳри Душанбе боздид менамояд.
Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муаррифии нерӯи иқтисодии саноати Ҷумҳурии Беларус ва Тоҷикистон баргузор шуда, гуфтушуниди ширкатҳои Тоҷикистону Беларус, намояндагони минтақаҳо ва палатаҳои савдо ва саноат аз рӯи доираи васеи самтҳои ҳамкорӣ сурат мегирад.
Хотирнишон месозем, ки ин чорабиниҳо бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи Палатаи савдо ва саноати Белоруссия воқеъ дар шаҳри Минск роҳандозӣ мешаванд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






