Ҳалокати ду нафар дар садама
Ҷ. Расулов, 31.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд бар асари ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ду пиёдагард ба ҳалокат расид.Тавре ки роҳбари дафтари матбуоти шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилоят капитани милитсия Диловар Ализода иттилоъ дод, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», бе аломати қайди давлатӣ У. Авазбадалов, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ. Расулов, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон А. Файзуллоев, истиқоматкунандаи деҳаи Фидокори ноҳияи Вахш ва И. Дусматов, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ. Расуловро, ки дар канори рости роҳ меистоданд, пахш намуда, баъдан ба мошини тамғаи «Опел-Астра», тахти идораи ронанда Ю. Юлдошев, сокини ноҳияи Спитамен бармехӯрад. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ пиёдагардон А. Файзуллоев ва И. Дусматов аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошини «Опел-Астра» Ю. Юлдошев бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ. Расулов бистарӣ шуд.Ба гуфти манбаъ, танҳо дар тӯли 4 моҳу 20 рӯзи соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳияи Ҷ. Расулов 7 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари он 4 кас ба ҳалокат расида, 7 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди садамаҳо 4 ҳодиса, ҳалокшудагон 3 нафар ва ҷароҳатбардоштагон 4 нафар афзудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






