Ҳалокати духтари ҷавон зери чархи қатора
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). — Назар ба хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ, чанд рӯз пеш духтари 20 – сола — сокини шаҳри Душанбе зери чархи қатора ҳалок гардид.
Субҳи 30 апрел қаторае, ки аз истгоҳи «Душанбе – 1» сӯи истгоҳи «Душанбе – 2» ҳаракат мекард, дар пули воқеъ дар кӯчаи Федин шаҳрванд Элмира Аҳмадиеваро пахш намуд.
Назар ба хабари манбаъ, духтари ҳалокшуда ҳангоми гузаштан аз роҳи оҳан зери чархи қаторае гардид, ки онро Муртазоқул Қаюмов ва ёрдамчии ӯ Хайриддин Одинаев идора мекарданд.
Элмира Аҳмадиева бар асари бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар маҳалли ҳодиса ҳалок гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






