Ҳамоиши ҷавонон дар Бохтар

Май 22, 2014 14:18

Бохтар, 22.05.2014(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторӣ).- Дирӯз, 21 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши ҷавонон доир шуд. Зиёда аз 100 ҷавон аз шаҳри Қӯрғонтеппа аз тариқи роҳпаймоӣ вориди ноҳия гардида, дар чорабинии ҷашнии ҷавонони бохтарӣ ширкат карданд. 
Тавре ки мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Мунаввара Сатторова  иброз дошт, бахшида ба ҳафтаи ҷавонон дар байни  ҷавондухтарон озмуни  «Бонуи чилкокули хатлонӣ»  ва дигар чорабиниҳо гузаронида шуданд. Зимнан бояд зикр кард, ки дар ноҳияи Бохтар зиёда аз 78 ҳазор нафар ҷавон кору зиндагӣ мекунад. Аз ин шумора  84 нафар дар қайди шуғли аҳолӣ буда, 26 нафар дар мақомоти роҳбарикунанда фаъолият дошта, 3500 нафар дар муҳоҷират меҳнатӣ ва 95 нафар ҷавон маъюби гурӯҳи 3 мебошад.    Дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар  соли ҷорӣ ҷавонони бохтарӣ 5 медали тилло, 4 нуқра ва 14 медали биринҷӣ ба даст оварданд,-афзуд мудири бахш Мунаввара Сатторова.
Дар назар аст, ки пагоҳ, 23 май дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Қурғонтеппа  вохӯрии  зиёда аз 1100 нафар ҷавони вилоят бо раиси вилояти Хатлон  Давлатшо Гулмаҳмадов баргузор шавад.

Май 22, 2014 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад