Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Лаҳистон
Душанбе, 29..05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи ҷаласаи IV -уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон, ки интизор аст 6 июн дар Душанбе доир гардад, 5 июн ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар баргузор мешавад.
Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар робита ҷиҳати иштирок дар ин чорабиниҳои иқтисодӣ ҳайати бонуфузи доираҳои тиҷоратии Лаҳистон аввалҳои моҳи июн озими Душанбе мегарданд.
Интизор меравад, ки дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Лаҳистон роҳбарону намояндагони ширкату корхонаҳои истеҳсолии Лаҳистон, ки дар бахшҳои энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, дорусозӣ ва соири соҳаҳо фаъолият доранд, иштирок намуда, бо ҳамтоёни тоҷики худ мулоқот карда, созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расонд.
Дар назар аст, ки ҳайати соҳибкорону тоҷирони лаҳистонӣ аз намоишгоҳи байналмилалии «ИнтерЛегпром» боздид намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






