Ҳамоиши Муколамаи ҳамкории кишварҳои Осиё
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — 28 май дар шаҳри Ланчжоуи музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба эҳёи Роҳи бузурги абрешим ҳамоиши Муколамаи кишварҳои Осиё баргузор гардид.
Тавре ки аз ВКХ ҶТ хабар доданд, роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов зимни суханрониаш зикр намуд, ки анъанот ва фалсафаи Роҳи бостонии абрешим дар ҷаҳони имрӯза аҳамияти бештаре пайдо мекунад. Дар ҷаҳони имрӯза, сарфи назар аз дастовардҳои беназири хиради башарият, ҳанӯз ҳам ихтилофоту муҳорибаҳо, носуботии иқтисодӣ ва бӯҳронҳои молиявӣ ба назар расида, монеаҳои сари роҳи тиҷорат ва мубодилаи фарҳанг мушоҳида мегардад.
Иштирокдорони ҳамоиш мақоми муколама дар эҳёи Роҳи абрешимро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар робита бо ин ташкили шабакаи нақлиётию коммуникатсионии пайвасткунандаи кишварҳои қад — қади Роҳи абрешим, ташаккули ҳамкории кишварҳои аъзои созмони мазкур дар бахши энергетика, таҳкими ҳамкорӣ ба манзури ҳифзи муҳити зист ва ташкили Роҳи абрешими «сабз», мусоидат ба муколамаи фарҳангҳо дар фазои ташкилоти мазкур тавассути сафари ҳайатҳо ба кишварҳои якдигар ва рушди сайёҳӣ ба ҳайси вазифаҳои аввалиндараҷае, ки боиси эҳёи Роҳи абрешим мегарданд, номбар шуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки ҳамкории кишварҳои аъзои муколама оид ба ҳамкории кишварҳои Осиё аз рӯи самтҳои зикршудаи ҳамкорӣ давом дода шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






