Ҳамоиши Муколамаи ҳамкории Осиё доир ба эҳёи Роҳи Абрешим
Душанбе, 29.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- 28 майи соли 2014 дар маркази маъмурии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Ланҷоу ҳамоиши Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) доир ба эҳёи Роҳи Абрешим баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон- муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҷаҳони имрӯз, новобаста ба пешрафтҳои бузурги техникиву технологӣ, мубталои ҷангу низоъҳо, ноустувориҳои иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ ва чолишҳои муҳитзистӣ буда, то кунун монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди савдову тиҷорат ва табодули фарҳангӣ боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ,- таъкид кард муовини вазир, замони муосир ба эҳёи анъана ва фалсафаи Роҳи Бузурги Абрешим, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва табодули фарҳангиву тиҷоратиро дар тӯли асрҳо талқин мекард, ниёз дорад. Бино бар ин, Тоҷикистон эҳёи Роҳи Абрешим ва бунёди навори иқтисодиро дар тӯли он дастгирӣ менамояд.
Иштирокдорони ҳамоиш нақши Муколамаи ҳамкории Осиёро дар эҳёи Роҳи Абрешим мавриди муҳокима қарор доданд. Вобаста ба ин, бунёди шабакаи ягонаи нақлиётиву коммуникатсионии пайвасткунандаи кишварҳои воқеъ дар Роҳи Абрешим, ташаккули ҳамёрии энергетикии аъзои МҲО, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва сохтани Роҳи Абрешими “сабз”, мусоидат ба муколамаи фарҳангҳо дар фазои МҲО аз тариқи тавсеаи равобити инсонҳо ва рушди сайёҳӣ ба ҳайси самтҳои ҳамкории кишварҳои узви МҲО, ки ба эҳёи Роҳи Абрешим мусоидат мекунанд, муайян гардид.
Тасмим гирифта шуд, ки ба ҳамкории кишварҳои аъзои МҲО аз рӯи самтҳои мазкур идома бахшида шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






